Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвари журналистони қазоқ дар дуздӣ айбдор шуд


Раиси иттиҳоди хабарнигорони Қазоқистон ва раҳбари маркази миллии матбуотӣ Сейтқазӣ Матаев ва мудири кулли агентии КазТАГ Асет Матаев имрӯз дар Алмаато боздошт шуданд.

Тибқи хабари созмони ҳимоя аз матуботи «Адил соз», онҳоро якуним соат пеш аз баргузории нишасти хабарие боздошт карданд, ки онҳо мехостанд аз «вазъияти пешомада» хабар диҳанд.

Нишасти хабарии пешбинишударо раҳбари созмони «Адил соз» Тамара Калеева ва хабарнигор Ермурат Бапӣ баргузор карданд. Ба гуфтаи ин ду нафар, Сейтқазӣ ва Асет Матаевҳоро маъмурони дафтари мубориза бо фасод боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Ермурат Бапӣ, онҳоро аз манзилашон барои бозпурсӣ бурдаанд. Телефони Сейтқазӣ Матаев қатъ шуда, Асет Матаев ба зангҳо ҷавоб намедиҳад.

Дар баёнияи матбуотие, ки ба ширкаткунандагони нишасти хабарӣ дода шуд, омадааст, Сейтқазӣ Матаевро дар дуздии чандмиллионии маблағҳои давлатӣ ва бозсозии ғайриқонунии бинои Маркази миллии матбуотӣ дар Остона айбдор мекунанд. Асет Матаевро бошад дар дуздии маблағҳои калон зимни иҷрои фармоиши давлатии иттилоотӣ айбдор медонанд.

«Мо ошкоро мегӯем, ки қонунро вайро накардаем ва пулҳои буҷаро надуздидаем. Маркази миллии матбуотӣ дар озмунҳо барои бозтоби сиёсати давлатӣ тавассути расонаҳо ширкат накардааст ва маблағҳои буҷа тавассути вазорати молия ба суратҳисоби ин созмон ворид нашудааст. Дар асл, КазТАГ бо кумитаи алоқа, хабаррасонӣ ва иттилоъ қарордод имзо карда, барои истифодаи мақсадноки ин маблағҳо ҳисобот додааст», - гуфта шудааст дар баёния.

Сейтқазӣ Матаев ва Асет Матаев иддао доранд, ки назорат аз пайи худро эҳсос мекунанд ва барои рахна кардани почтаи электронии онҳо талош шуда, зангҳои телефониашон шунида мешаванд. Вазъияти эҷодшударо онҳо «навъи талоши ниҳоди давлатӣ барои таъсир ба иттиҳодияи ғайридавлатӣ ва расонаҳо бо манзурӣ пешгирӣ аз фаъолияти қонунии хабарнигорӣ, маҳдудсозии озодии баён ва дарёфту паҳн кардани бемамонияти иттилоъ» унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG