Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамола вакили Украина дар "Евровидение – 2016" шуд


Дар озмуни сурудҳои «Евровидение» дар соли ҷорӣ Украинаро овозхони 32-солаи тотори Қрим Ҷамола намояндагӣ мекунад.

Сусанна Ҷамолдинова, ки бештар бо тахаллуси Ҷамола маъруф аст, суруди «1944»-ро иҷро мекунад. Ин суруд аз кӯчи маҷбурии халқаш ба Осиёи Марказӣ бо дастури Сталин дар соли 1944 қисса мекунад. Ин суруд бо забони англисӣ садо дода, нақароташ ба забони тоторҳои қрим замзама мешавад.

Ҷамола дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шудааст, ки ба он ҷо хонаводааш ихроҷ шуда буд. Вай аз миёни панҷ довталаби дигар баҳои дувуми баландтарини ҳакамон ва миқдори бештари ҷонибдории тамошобинони телевизионӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ тавассути пайёмакро соҳиб шуд. Бештаре аз тоторҳои Қрим натавонистанд дар ин овоздиҳӣ ширкат кунанд. Зеро, баъд аз ғасби Қрим аз сӯйи Русия дар соли 2014, мақомоти русӣ фаъолияти ширкатҳои мухобиротии украинӣ дар ин нимҷазираро қатъ карданд.

Дар моҳи майи соли 1944 ба Осиёи Марказӣ беш аз 250 ҳазор тотори Қрим ихроҷ шуданд. Даҳҳо ҳазор дар роҳ ва ҳазорҳо нафар баъд аз ихроҷ аз гуруснагӣ ва бемориҳо фатиданд. То соли 1980 бозгашти онҳо ба Қрим манъ буд. Бештаре аз онҳо тавонистанд ба Қрим баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баргарданд.

XS
SM
MD
LG