Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади зани эъдомшудаи қирғизро аз Чин оварданд


Ҷасади Светлана Қулбоева, шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар ибтидои феврал бо ҷурми интиқоли маводи мухаддир дар Урумчии Чин эъдом шуд, рӯзи 20 феврал ба ватанаш оварданд.

Ҳукумати Қирғизистон дар интиқол додани ҷасади Қулибоева кумак кардааст.

Ин шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 4 феврал аз тариқи сӯзандору эъдом шудааст. Вай тирамоҳи соли 2010 барои интиқоли 7 кило маводи мухаддир боздошт шуда буд. Пештар бо ҳамин айб шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов эъдом шуда буд. Ҷасади Юсуфов рӯзи 3 феврал аз Урумчи ба Душанбе интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG