Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти "ҷавонони фаъол" дар назди ду сафорат дар Душанбе


Аксҳо аз тазоҳуроти 22 феврал дар Душанбе

Аксҳо аз тазоҳуроти 22 феврал дар Душанбе

Як гурӯҳ рӯзи 22 феврал бо талаби ба Тоҷикистон баргардондани раҳбарони мухолифон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд.

Рӯзи 22 феврал як гурӯҳ, ки худро "ҷавонони фаъол меноманд", дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Туркия гирди ҳам омада, ба Тоҷикистон баргардондани раҳбарони мухолифинро талаб карданд.

Гирдиҳамоии аввали ин гурӯҳ зӯҳри 22 феврал дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд. Тазоҳургарон дар инҷо талаб доштанд, ки мақомоти Аврупо ба раҳбарони мухолифини тоҷик паноҳгоҳ надиҳад, балки онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Онҳо ҳамин тавр, талаб доштанд, ки ба эътирозҳои мухолифини тоҷик дар назди сафоратҳои Тоҷикистон, ки ба рӯзи 23 феврал барномарезӣ шудааст, иҷозат надиҳанд.

Даҳҳо ҷавон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо шиорҳоеро ба мисли "Иттиҳодияи Аврупо хоинони миллатро ба ватан бозгардон!" баланд карданд. Онҳо мошинҳои раҳгузарро манъ карда, аз онҳо хостанд, ки баланд сигнал диҳанд ва бо садои сигналашон раҳбарони дафтари Аврупоро ба мулоқот бо намояндагони тазоҳургарон моил кунанд.

Аммо касе аз намояндагони дафтари Иттиҳодияи Аврупо ба назди тазоҳургарон набаромад. Намояндагони ин идора мегӯянд, ки рӯзи 22 феврал бо реҷаи маъмул кор кардаанд.

Қабл аз тарк кардани майдони назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо, Аҳмадхӯҷа Давлатов, раҳбари созмони "Пешоҳангони ҷомеа", як созмони то ҳол начандон ноошно, гуфт, ки онҳо фардо, 23 феврал низ дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ҷамъ хоҳанд шуд. Тазоҳургарон мегӯянд, барои расидагии мақомоти дафтари Иттиҳодияи Аврупо ба номаашон,% ки ҳанӯз 5 январ ирсол шудааст, ду рӯзи дигар фурсат медиҳанд.

Баъди ин тазоҳургарон аз назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе ба сӯи сафорати Туркия раҳсипор шуданд.

Тазоҳургарон дар назди сафорати Туркия дар Душанбе бо нидоҳои "Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он ки кишвар ба душман диҳем", "Туркия, Туркия, хоинонро баргардон!" шиор заданд. Онҳо аз сафорати Туркия талаб доштанд, ки он кишвар раҳбарони мухолифинро дар қаламраваш паноҳ надиҳад ва ба Тоҷикистон баргардонад. Талаби дигар ин буд, ки Туркия ба гирдиҳамоии тарафдорони мухолифин дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара иҷозат надиҳад.

Тазоҳурот дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо

Тазоҳурот дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо

Аҳмадхӯҷа Давлатов, раҳбари "Пешоҳангони ҷомеа" ба Озодӣ гуфт, тибқи маълумоти онҳо, фардо, 23 феврал намояндагони мухолифони давлати Тоҷикистон дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара тазоҳуроти эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.

Рӯзи 20 феврал низ гурӯҳе аз "ҷавонони фаъол" дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада, хостори ба Душанбе баргардонидани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ шуданд.

Баргузории раҳпаймоиҳои бидуни иҷозат дар Тоҷикистон манъ аст, вале дар солҳои охир алакай чанд бор аст, ки гурӯҳҳои "ҷавонони фъаол" ё "занони фаъол" дар назди сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ё дар қароргоҳҳои аҳзоби мухолиф бо шиорҳои тарафдори ҳукумати кунунӣ таҷаммӯъ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон даст доштани худ дар ташкили ин гирдиҳамоиҳоро рад мекунанд ва бархе аз тазоҳургаронро барои як муддати кӯтоҳ боздошту бозпурсӣ ва ҳатто ҷарима ҳам мекунанд. Вале мунтақидон мегӯянд, баланд кардани шиорҳои ҳамраъй бо хостҳои мақомот ва ҷаримаҳои сабук барои ташкили чунин тазоҳуроти ғайриқонунӣ нишон медиҳанд, ки ин ҳаракатҳо чандон худҷӯш нестанд, ки мехоҳанд намудор кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG