Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарзгирӣ барои Қазоқистон душвортар мешавад


Агентии баҳодиҳии Standard & Poor’s (S&P) дар робита ба уфти нархи нафт мавқеи қарзгирии Қазоқистон, Уммон, Баҳрайн ва Арабистони Саудиро пойинтар бурд.

Мавқеи Қазоқистон дар арзёбӣ ду зина пойин рафта, то ҳадди мавқеи “партоб” расонида шуд. Дар ин арзёбӣ мавқеи Русия дар зинаҳои болоии бахши “партоб” бо пешбинии нохушоянд боқӣ мондааст.

Ба иттилои Wall Street Journal, бозбинии мавқеи кишварҳо ба уфти пешбинишавандаи нархҳои нафт вобаста аст. Тибқи пешбиниҳои ахир, арзиши як баррел нафти Brent дар соли 2016 баробари 40 доллар ва дар соли оянда то ба 50 доллар хоҳад расид. Дар S&P бар ин назаранд, ки тасмими дар моҳи январ гирифтаи Қатар, Русия, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла дар бораи қатъи афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафт ба арзиши он “таъсири ҷиддие” нахоҳад дошт.

“Дар Қазоқистон аз фурӯши нафт 20% маҷмӯи тавлидоти миллӣ, 50% даромад аз андозҳо ва 60 дарсади фоида аз содирот ба даст меояд, - гуфтанд дар S&P. Тибқи пешбинии ин ниҳод, суръати рушди маҷмӯи тавлидоти миллӣ дар соли 2016 дар ҳолати рукуд ва ё пойинравӣ қарор гирифта, аммо содирот ва истихроҷи нафт метавонад эҳё шавад. Аммо ин кор танҳо дар сурати пеш аз мӯҳлат ба таври комил фаъол шудани кони офшории Қашаған имконпазир хоҳад шуд. Ба навиштаи Wall Street Journal, дар S&P ҳамчунин гуфтанд, ки ҳукумат бо сармоягузории қариб 14,5 миллиард доллар барои “пешбурди” иқтисод дар солҳои 2016-2017 бо камбуди андозҳо рӯбарӯ мешавад”.

XS
SM
MD
LG