Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба иттилои манобеъи додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳмонбердӣ Саидов, зодаи деҳаи Далёни ноҳияи Ғончӣ, Баҳром Ҷалолов, зодаи деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, Фарҳод Почоев, истиқоматкунандаи деҳаи Озодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Гулов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо барои қочоқи ҳероин ва маводи мухаддири навъи "эктазӣ" ба муддатҳои аз 14 то 20 сол равонаи зиндон кардааст.

Ин афрод моҳи ноябри соли 2015 зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва аз назди онҳо беш аз 40 килограмм ҳероин ва 17 ҳаби психотропии «экстазӣ»-ро мусодира шуда буд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) шоми 18 ноябр бо пахши як гузориши расмӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, Фарҳод Поччоев ва Эмомалӣ Гуловро узви гурӯҳи муташаккили фаромарзӣ хонда буд.

Дар гузориши расмии ин ниҳод таъкид шуда буд, Баҳром Ҷалолов дар ҷараёни як амалиёти вижа дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе ба даст афтода, аз дохили мошини тамғаи "Мерседес"-аш 40 килову 20 грамм ҳероин ва 17 ҳаби экстазӣ кашф ва мусодира шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG