Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон қаҳрамони 11-каратаи футзали Осиё шуд


Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тошканд бо пирӯзии мунтахаби Эрон ба поён расид.

Чордаҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё шоми якшанбеи 21 феврал дар шаҳри Тошканд бо ғалабаи мунтахаби Эрон хотима ёфт. Эрониҳо дар бозии ниҳоӣ бар мунтахаби Узбакистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, барои 11-умин бор ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гаштанд.

Мунтахаби Тайланд, ки барои ҷойи севум дастаи Ветнамро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод, бо медалҳои тилло сарфароз шуд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбакистон, Тайланд, Ветнам ва Австралия ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2016, ки моҳи сентябр дар Колумбия баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тошканд дар нахустин бозиаш аз тими Тайланд бо ҳисоби 4:5, дар бозии дувумаш аз дастаи Ветнам бо ҳисоби 1:8 мағлуб шуда, бозии севумашро бо мунтахаби Тайван бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дода буд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “С” Тайланд бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ветнам бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дастаҳои Тайван ва Тоҷикистон, ки бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2016:

Бозиҳои 1/4 ниҳоӣ

Узбакистон – Ироқ – 3:0

Тайланд – Австралия – 6:1

Эрон – Қирғизистон – 7:0

Ҷопон – Вьетнам – 4:4. Аз рӯи пеналтӣ – 1:2

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

Ироқ – Австралия – 3:5

Қирғизистон – Ҷопон – 6:2

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Қирғизистон – Австралия – 1:3

Бозиҳои 1/2 ниҳоӣ

Узбакистон – Тайланд – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

Эрон – Ветнам – 13:1

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Тайланд – Ветнам – 8:0

Бозии ниҳоӣ

Узбакистон – Эрон – 1:2

XS
SM
MD
LG