Пайвандҳои дастрасӣ

Лифт сари муҳоҷирзанро аз танаш ҷудо кард


Лифти борбар дар шаҳри Королеви вилояти Маскав болои сари як муҳоҷирзан афтода ва сари ӯро аз танаш ҷудо кардааст. Расонаҳои Русия мегӯянд, ки эҳтимол ин зан шаҳрванди Тоҷикистон ё Узбакистон аст.

Ҳоло гурӯҳи бозрасон дар шаҳри Королеви вилояти Маскав иллати вуқӯи ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои пулис, ин зани 39-сола талош кардааст, ки аз шахтаи лифт пакети бандмондаи партовро бигирад. Дар ин вақт механизми лифт фаъол шуда, ба поён сарозер гардидааст ва сари ин фаррошро буридааст.

Гуфта мешавад, ин лифти борбар мушкилоти фаннӣ дошта ва ҳоло гурӯҳи бозрасон қасд дорад фаъолияти ин ниҳоди хизматрасониро тафтиш кунад.

XS
SM
MD
LG