Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бошгоҳи футболи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун барои бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 ба Душанбе омад.

Бошгоҳи футболи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун барои бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 21 феврал, ба Душанбе омад. Меҳмонон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенси Душанбе» ҷойгир шудаанд. Ба ҳайати «Ал-Файсалӣ» 19 футболбоз шомил аст.

Ҳайати «Ал-Файсалӣ» дар бозӣ муқобили «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Муҳаммад Маҳмуд Шатнавӣ, Тамер Салоҳ, Нуриддин Зайд Халил.

Ҳимоятгарон: Мӯсо Самӣ Бара, Самӣ Иброҳим Диаб, Маҳмуд Сулаймон Салим, Абдулкарим Халифа Юсуф, Муҳаммад Ясир, Абдуллоҳ Абуқуддус Маин.

Нимҳимоятгарон: Муҳаммад Моҳир, Фавзӣ Маҳдӣ, Абдулло Анас, Зайд Халил, Муҳаммад Наҳар, Аҳмад Носир Ал-Халил.

Ҳамлагарон: Маҳмуд Бакит Ясин, Сулаймон Умар Муайяд, Муҳаммад Ал-Рифаӣ (Сурия), Абдулраҳман Алӣ Ред.

Ёдовар мешавем, бозӣ миёни «Истиқлол», қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон ва «Ал-Файсалӣ» , барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” баъди анҷоми ин бозӣ тамошобинон метавонанд дар бозии лотереяи варзишӣ, ки аз рӯи билети даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ширкат варзанд. Се адад телефони мобилии iPhone 6 бурдҳои ин лотереяи варзишӣ мебошад. Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 25 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 15 сомонӣ муқаррар шудааст.

Доварони бозии “Истиқлол” - “Ал-Файсалӣ” аз Ветнам мебошанд. Довари ФИФА Во Мин Три сардовар, ёваронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи» (Лубнон) рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG