Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филм дар бораи муҳоҷирон ҷоизаи аввалро гирифт


Ҷон Франко Розӣ ҳангоми сӯҳбат
Ҷон Франко Розӣ ҳангоми сӯҳбат

Филми мустанади “Оташ дар баҳр”-и филмсози итолёвӣДжон Франко Рози, ки ба мавзӯи бӯҳрони муҳоҷирон дар Аврупо ихтисос дорад, барандаи ҷоизаи ҷашнвораи байналмиллалии филми Берлин Хирси Тиллоӣ шуд.

Ин филмро Розӣ дар ҷазираи Лампедуза рӯи навор овардааст, ҷазирае, ки ҳазорон нафар муҳоҷирон аз Африқову Ховари Миёнадар он умеди пайдо кардани паноҳгоҳ доранд.

Қаҳрамони аслии филм писари даҳсола Самуэл аст, ки дар бораирагаткаи худ ва дарсҳои забони англисӣ фикр мекунад, на дар бораи паноҳҷуёни муҳоҷир.

Як чашми Самуэл “танбал” аст ва табибон саъй мекунанд онро муолиҷа кунанд. Ин чашми “танбал” чашмиАврупо ва сиёсатмадорон аст, ки барои наҷоти паноҳҷӯён тадбире намеандешанд.

Ҷон Франко Розӣ дар нишасти хабарии Берлин гуфт, имкон надорад, ки кас мушкили муҳоҷиронро набинад. Ягона роҳи ҳали ин мушкил беҳбуд бахшидани вазъ дар кишварҳоест, ки аз он ҷо аҳолии бадбахташ рӯ ба паноҳандагӣ меоранд.

Ҷоизаи дуввумро дар ҷашнвораи Берлин Денис Танович-филмсози Босния барои филми “Марг дар Сараево” ба даст овард.

XS
SM
MD
LG