Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии Клинтон ва Трамп дар интихоботҳои муқаддамотӣ


Трамп ва Клинтон
Трамп ва Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико дар аёлати Невада дар рақобатҳои муқаддамотии интихоботӣ дар байни номзадҳои Ҳизби Демократ пирузӣ ба даст овард. Дар байни номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп дар аёлати Каролинаи Ҷанубӣ пируз шуд.

Сенатор Бернӣ Сандерс-рақиби интихоботии хонум Клинтон дар Ҳизби Демократ баъд аз ин пирӯзӣ билофосила ба Клинтон телефон кард ва пирузии вайро табрик гуфт.

Тед Круз-номзади ҷумҳурихоҳон аз аёлати Техас ва Марко Рабио-номзади ҷумҳурихоҳон аз аёлати Флорида баъд аз Доналд Трамп дар мақомҳои дуввуму севвум қарор доранд.

Райдиҳиҳои ниҳоии номзадҳои ҳизбӣ дар моҳи июл баргузор мешавад. Пас аз он ду номзади пируз аз ҳар ду ҳизб 8 ноябр ба интихоботи сартосарӣ мераванд ва шахси пируз ба ҷои Барак Обама курсии раёсатро дар Кохи Сафед ишғол хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG