Пайвандҳои дастрасӣ

Дар аёлати Мичиган чанд нафар кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо, дар як силсила тирандохиҳо дар аёлати Мичигани Амрико тақрибан 6 нафар кушта шудаанд. Шабакаи NBC News аз қавли мақомоти ҳавза хабар дод, ки 3 нафари дигар дар тирандозие дар ҳавзаи Каламазу ҷароҳат бардоштаанд.

Пол Матиас-муовини раиси ҳавза гуфт, “мо бо бадтарин шакли ҳодиса рӯ ба рӯ шудаем, қотил дар мошин аз як ҷо ба ҷои дигар меравад ва тирандозӣ мекунад”.

Матбуоти маҳаллӣ гузориш додааст, ки дар як тирандозии дигар дар тарабхона ва дар фурӯшгоҳи мошинҳо чанд нафар кушта шудаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки қотил мардест ва дар мошини ҷип аз як ҷо ба ҷои дигар меравад. Мақомоти интизомӣ вайро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG