Пайвандҳои дастрасӣ

Мултфилми IRS: "Пардохти пул барои роҳ дар ҷаҳон роиҷ аст"


IRS - ширкате, ки назорати шоҳроҳи Душане-Чаноқро дар ихтиёр дорад, мултфилмеро нашр кардааст, ки зоҳиран ба гуфтумонҳои шаҳрвандон дар мавриди чунучароҳои пулакӣ эълон шудани ин масир, посух мегӯяд.

IRS - ширкате, ки назорати роҳи пулакии Душанбе−Чаноқро дар ихтиёр дорад, ахиран мултфилм ё филми кӯтоҳи тасвирӣ нашр кардааст. Қаҳрамонони аслии ин филми тасвирӣ, ду нафар мусофир − бобову набера ҳастанд. Бобо сари фармони мошини сабукрав бо набераааш аз ин роҳ убур мекунанд ва наберааш ҳар забон ба бобо суолҳо медиҳад.

Бобову набера нахуст ҳамсафаронашонро, ки аз тирезаи мошини дигар ба рӯи роҳ партовро ҳавола медиҳанд, бефарҳанг хонда, онҳоеро, ки то 25- метрии канори роҳ хона сохтаанд, ба қонушиканӣ маҳкум мекунанд.

Дар миёнаҳои ин филми тасвирӣ ҳамчунин саҳнае рӯи навор омодааст, ки ин ду мусофир ба утоқи пулчинии IRS мерасанд ва бобо ба пулчинак пул дароз мекунад. “Бобоҷон барои чӣ мо маблағ пардохт кардем? “− мепурсад набера аз бобояш.

“Барои он, ки ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои ин нафарон, мо аз роҳи бехатар ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ бархӯрдорем!”− посух медиҳад бобо ба наберааш.

Дар идомаи ин сӯҳбат бобо бо далелҳои зиёд: “пардохти маблағ барои истифодаи роҳ дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст”, “ҳамагуна хизматрасонӣ арзиш дорад”, “маблағи пардохтаи мо барои нигоҳдори роҳ сарф мешавад”, ба наберааш мефаҳмонад, ки чаро ин роҳ пулакӣ аст.

Аз дафтари матбуотии ширкати IRS рӯзи 21−уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадаф аз таҳияи ин филми тасвирӣ, густариши фарҳанги истифодаи роҳ дар байни мардум аст.

“Ҳадафи асосии ин филми тасвирӣ, ба мардум фаҳмонидани фаъолият ва аҳамияти ширкат аст. Чунки дар васоити ахбори омма фаъолияту дастовардҳои ширкат аз ҷониби бархе аз рӯзноманигорон ва ба ном коршиносон зери суол бурда мешавад”−иброз доштанд дар ширкати IRS.

Ба таъкиди масъулони ин ширкат, барои нигоҳубини роҳи Душанбе−Чаноқ 153 адад техникаву таҷҳизоти ширкат шабонарӯз фаъолият доранд. Ҳарчанд ба гуфтаи масъулон ширкат, сохтмони бинову иншоот дар наздикии роҳ, хосатан дар ноҳияи Варзоб ба нигоҳубини бояду шояди ин масир монеа эҷод кардааст.

Ба ҷуз аз масоили истифодаи роҳ, ширкати Инновейтив роуд солюшн бо нашри ин мултфилм ба гуфтумонҳои шаҳрвандон низ дар мавриди чунучарои пулакӣ эълон шудани шоҳроҳи марказ−шимол, ки бо қарзи Чин ба давлати Тоҷикистон сохта шудааст, як навъ посух гуфтааст.

Ширкати IRS дар масири роҳи «Душанбе-Чаноқ» 7 плаза - нуқтаи ҷамъоварии пул дорад ва баъзан фаъолиятҳои он эътирози сокинонро низ ба бор овардааст. Як мошини сабукрав то 55 ва мошини боркаш то 1000 сомонӣ бояд аз Душанбе то Хуҷанд ҳаққи роҳ супорад.

Ба ҷуз аз ин қитъаи роҳ, ин ширкат масъулияти нигоҳубини қитъи роҳи Нуробод-Нимичро низ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол бар ӯҳда дорад.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS) соли 2009−ум минтақаи офшории Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия Кабир сабти ном шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал мекунад ва масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ тибқи як созишномаи консесионӣ соли 2010 бо Ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ин ширкат вогузошта шудааст.

Ин созишномаро вакилони парлумон ҳам он замон ҷонибдорӣ карданд, ҳарчанд касе аз вакилон намедонист, молики аслии ин ширкат кист. То ба ҳол ҳадсу фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба моликони ин ширкат дар расонаҳо ва миёни мардум сайр дорад.

Мултфилми IRS-ро дар инҷо метавонед тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG