Пайвандҳои дастрасӣ

Русия пойгоҳи низомӣ дар Арманистонро қаввитар мекунад


Бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, ин кишвар пойгоҳи низомии Арманистонро бо 4 ҳавопаймоҳои ҷангии насли нав ва чархбол таҷдид кардааст.

20 феврал як намояндаи низомиёни Русия гуфт, ки 4 МиГ-29 ва як чархболи Ми-8МТ дар пойгоҳи низомии Эребунӣ дар назидкии марз бо Туркия ҷойгир хоҳанд шуд. Халабонҳои пойгоҳ парвозҳои санҷиширо моҳи март оғоз мекунанд.

Русия кишвари аслии таъминкунандаи таҷҳизоти низомии Арманистон ба шумор меравад. Русия ҳамчунин дар пойгоҳи низомии худ дар Арманистон дар шаҳри Гиюмрӣ 3 ҳазор сарбоз дорад.

XS
SM
MD
LG