Пайвандҳои дастрасӣ

Нависанда ва файласуфи машҳури Италия даргузашт


Умберто Эко

Умберто Эко-нависанда ва файласуфи Италия дар синни 84 солагӣ даргузашт. Ин нависанда бо асари машҳураш “Номи Садбарг” шӯҳрат дорад.

Рӯзномаи италиявии “Ла Республика” навишааст, ки Эко аз бемории саратон ранҷ мебурд ва шоми 19 феврал дао хонааш даргузаштааст. Рӯзномаи “Гордиан”-чопи Британия Экоро яке аз шахсиятҳои машҳур дар адабиёти ҷаҳонӣ ном бурдааст.

“Номи Садбарг” дар бораи куштори мармуз, ки ба қарни 14 тааллуқ дорад ва дар соли 1980 ба нашр расид, Экоро ба номи ҷаҳонӣ табдил дод.

Ин китоб ба 43 забон тарҷума ва дар саросари ҷаҳон миллионҳо нусха ба фурӯш рафтааст.

Эко дар соли 1950-ӯм фаъолияташро бо кори рӯзноманигорӣ дар телевизиони давлатии Италия бо номи RAI оғоз кардааст ва дар солҳои зиндагиаш китобҳо ба нашр расондааст. Охирин китоби вай бо номи “Numero Zero” соли гузашта ба чоп расида буд.

Китобҳои машҳури вай бо номҳои “Foucault's Pendulum”, “Қабристони Прага” ва “Ҷазираи як рӯзи пеш” низ дар ҷаҳон шӯҳрат ёфтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG