Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Муҳманд 5 шӯришии Толиб кушта шуд


Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар манотиқи қабиланишини ин кишвар дар наздикии марз бо Афғонистон 5 шӯриширо ба қатл расондаанд.

Ин намояндаи низомиён гуфтааст, ки тирандозӣ 20 феврал дар минтақаи қабиланишнии Муҳманд рух додааст. Сарбозон ҷасади ин 5 тундравро дар наздикии Ғаланай-шаҳраки аслии Муҳманд пайдо кардаанд.

Дар изҳорот омадааст, ки ин шӯришиён “амали террористӣ”-ро ба нақша гирифта будаанд. Чанд рӯз пеш 17 феврал тундравҳои Толибон дар шаҳраки Муҳманд дастикам 9 корманди пулисро кушта буданд.

Муҳманд яке аз минтақаҳои қабиланишини Покистон аст, ки дар марз бо Афғонистон ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG