Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия дар Аврупо мақоми вижа дарёфт мекунад


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон

Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо эълон карданд, ки Британия дар узвияти Иттиҳодияи Аврупо бимонад, вале ба он “мақоми вижа” дода шавад ва салоҳиятҳояш дар ин созмон афзоиш ёбад.

Баъд аз ду рӯзи музокироти пуршӯр Камерон шоми 19 феврал гуфт, тавофуқоти мазкур ба Британия имкон медиҳад, ки мавҷи муҳоҷират заъифтар шавад ва ин кишвар аз ҳамгароӣ бо қаламрави истифодаи пули евро дар канор бимонад.

Камерон гуфт, Британия ба таври “доимӣ” аз “иттиҳоди наздиктар” бо Иттиҳодияи Аврупо берун хоҳад буд ва ҳеҷ гоҳ ба қаламрави евро нахоҳад даромад.

Вай гуфт, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба дархостҳои вай розӣ шудаанд ва акнун Британия ҳақ дорад аз пардохти маблағҳо барои муҳоҷират худдороӣ кунад.

Камерон гуфт, “мо аз он қисмати Аврупо, ки ба мо дахл надорад, берун хоҳем буд, вале дар қисматҳое, ки ба мо ҳам дахл дорад, беҳтарин талошҳои худро дареғ намедорем”.

XS
SM
MD
LG