Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зудӣ интиқоли барқ ба Кобул оғоз меёбад


Дар ояндаи наздик интиқоли барқ ба Кобул-пойтахти Афғонистон аз сар гирифта мешавад. Чанд ҳафта пеш шӯришиён хати интиқоли барқ аз Узбакистон ба Кобулро хароб карда буданд.

Ваҳидулло Тавҳидӣ-сухангӯи раёсати барқрасонӣ гуфт, ки нируҳои артиш дар вилояти Бағлон минтақаи интиқоли хати барқро аз шӯришиёни Толиб пок кардаанд. Муҳандиссони барқ баъзе симҳоро пайваст кардаанд ва дар давоми 5 рӯзи оянда интиқоли барқ шурӯъ мешавад.

Кобул, ки тақрибан 5 миллион нафар аҳолӣ дорад, зуд-зуд аз барқ маҳрум мешавад ва ба хусус дар рӯзҳои зимистон то чанд соат барқ қатъ мегардад.

Вале қатъи интиқоли барқ аз моҳи январ то ҳол баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 аҳолиро ба беқарқии давомдор рӯ ба рӯ кард.

XS
SM
MD
LG