Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ баъди марги мардикори тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишоти ноҳияи Ленини шаҳри Воронежи Русия дар робита ба марги як мардикори тоҷик алайҳи Кайо Зайналобудин, як масъули ширкати “СтройПромГарант” парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Зайналобудин ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми сохтмони навбати сеюми меҳмонсарои пуршукӯҳи “Галерея Чижова” дар шаҳри Воронеж қоидаҳои амният дар ҷои корро таъмин накардааст ва ин боиси марги як коргари ин сохтмон шудааст.

Як муҳоҷири 42-сола аз Тоҷикистон, ки дар ин сохтмон ба ҳайси сантехник кор мекард, рӯзи 20 январ ҳангоми насби лӯлаҳои ҳавокашӣ ба шахтаи ҳавокашӣ афтода, бар асари захмҳои бардоштааш ҷон дод.

XS
SM
MD
LG