Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи 5-рӯзаи артиши Тоҷикистон бо ҷалби нирӯҳои Русия


Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамроҳ бо нерӯҳои пойгоҳи 201?уми Русия аз 15 то 20 март маҷмӯи машқҳои амалиётии тактикии зиддитерористии панҷрӯзаро дар ҳудуди 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ширкати афсарони захиравӣ анҷом хоҳад дод.

Фаридун Маҳмадализода, сардори дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 19 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски таҳдиди хатарҳо ба амнияти минтақа ҳамчунон ҷой дорад, доираи машқи низомии зиддитеррористӣ васеъ карда мешавад ва дар соли равон нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия низ ширкат хоҳанд кард.

Вай афзуд, ин машқи низомӣ тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон, бо шумули навоҳии ҳаммарз бо Афғонистонро дар бар мегирад ва нерӯҳои захиравӣ, ба хусус афсарони захиравӣ низ дар ин машқҳо ширкат ва аз ҳамаи навъҳои силоҳ , бо шумули зиреҳпӯшу тонкҳо тирпаронӣ мекунанд.

Фаридун Маҳмадализода мегӯяд: “Пойгоҳи 201-уми Русия ҳамчун нерӯи посдори сулҳ аз ҷониби созмонҳои низомии минтақавӣ ба мисли СПАД ва дигар созмонҳо дар сурати таҳдиди террористон ширкат хоҳад кард.” Вай мегӯяд, сол ба сол доираи ин машқи низомӣ васеъ мешавад ва дар соли гузашта дар он аз вилояти Хатлон 30 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 35 ҳазор ва дар навоҳии тобеъи пойтахт 40 ҳазор нафар ширкат карданд.

"Агар дар ноҳияҳои наздимарзӣ ягон ҳуҷуми ногаҳонӣ шавад, то расидани қувваҳои асосии мудофиавӣ, нерӯҳои эҳтиётӣ бояд бар зидди душман истодагарӣ карда тавонанд ва ба қадри имкон пеши роҳи онро гиранд. Даъвати мо ҳам барои ҳамин аст. Чун таҳдидҳои муосир нишон медиҳад, ки мо бояд ба ҳар ҳолат омода бошем," - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG