Пайвандҳои дастрасӣ

Барак ва Мишел Обама ба Куба мераванд


Парчамҳои ду кишвар дар сафорати ИМА дар Ҳавана. Соли 2015

Парчамҳои ду кишвар дар сафорати ИМА дар Ҳавана. Соли 2015

Барак Обама эълон кард, ки моҳи март ба Куба сафар мекунад ва ин нахустин сафари президенти ИМА ба як кишваре дар ҷазираи Кариб дар 88 соли охир мешавад. 18 феврал Обама тавассути сайти Medium хабар дод, ки рӯзҳои 21-22 март ҳамроҳ бо ҳамсараш Мишел ба Куба сафар мекунад. Обама дар блогаш навиштааст, ки беш аз 50 сол Амрико аз сиёсати маҳдудсозӣ ва фишор болои Куба ҳаракат мекард, вале ниҳоят маълум шуд, ки ин сиёсат натиҷа надод. Равобити Вашингтон ва ҳукумати коммунистии Фидел Кастро баъди инқилоби соли 1959 душманона буд. Соли 2014 маъмурияти Барак Обама бо Куба равобити дипломатиро дубора барқарор ва қарори ташкили парвозҳои мустақими байни ду кишварро ҳам имзо кард. Охирин президенти Амрико, ки аз Ҳавана дидан кардааст, Келвин Кулиҷ буд, ки соли 1928 савори як киштии ҷангӣ дар соҳилҳои Куба фуруд омад.

XS
SM
MD
LG