Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти соҳибмулки “Домодедово”


Соҳибмулки воқеии фурудгоҳи “Домодедово” Дмитрий Каменшик бо иттиҳоми риоя накардани меъёрҳо, ки боиси сар задани ҳодисаи террористии соли 2011 шудааст, боздошт гардид. Тафтишот гуфт, ки Каменшик ба насби системаи нави санҷиш дар даромадгоҳи фурудгоҳ, ки амалан боиси заъифтар шудани мизони бехатарӣ дар баробари таҳдидҳои террористӣ шудааст, даст дорад. Дар як ҳодисаи рӯзи 24 январи соли 2011 террористи маргталаб Магомед Евловев бидуни мушкил вориди фурудгоҳ шуд ва бо истифода аз маводи таркандаи зери либосаш толорро тарконд. Дар ин ҳодиса 37 нафар кушта ва 172 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аз рӯи ин парванда боз се ходими дигари фурудгоҳ – раиси собиқ Вячеслав Некрасов ва ду масъули калони амният Надежда Тришина ва Андрей Данилов дар боздошт қарор доранд.

XS
SM
MD
LG