Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои додситони кулли Украина пазируфта шуд


Маъмурияти президенти Укарина номаи расмии истеъфои додситони кулл Виктор Шокинро пазируфт. Дар ин бора дар шабакаи Twitter сухангӯи президент Петро Порошенко хабар дод. Истеъфои додситон баъди он матраҳ шуд, ки рӯзи 15 феврал муовини додситони кулл Шокинро дар пинҳон кардани парвандаҳои марбут ба коррупсия айбдор кард. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко муовини раиси ҷумҳурии ИМА Ҷо Байден аз қабул шудани истеъфои Шокин истиқбол кард ва гуфт, ки ин тасмим барои шурӯи ислоҳот дар сохтори додситонии кулл роҳ мекушояд.

XS
SM
MD
LG