Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозе дар Қирғизистон аз тири силоҳ кушта шуд


Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, ки яке аз низомиёни қисми ҳарбие дар шаҳраки Балиқчӣ, ки аз ноҳияи сараш дирӯз тир хӯрдааст, рӯзи 19 феврал даргузашт. Вазорат гуфт, ки тамоми кӯмаки зарурии саривақтии тиббӣ ба сарбоз расонида шуд, вале ӯ соати 10:55-и ҷумъа даргузашт. Сарбозро бо ҷароҳатҳои сангин баъди соати 18 рӯзи панҷшанбе ба бахши эҳёгарии бемористон оварданд ва ҳолати ӯ сангин арзёбӣ мешуд. Ҳолати сарбози дигари маҷрӯҳ, ки аз камараш ярадор шудааст, мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон гуфт, ки баъд аз зӯҳри панҷшанбе аввал шуда сарбозе дар ҷараёни машқҳои низомӣ ба ҳангоми тирпаронӣ маҷрӯҳ шуда наздикиҳои шаши шом сарбози дигар дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба ҳангоми истифодаи силоҳ аз тираш маҷрӯҳ шуд.

XS
SM
MD
LG