Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндонӣ шудани соҳибкор барои саркашӣ аз андоз


Шаҳри Сарбанд.

Шаҳри Сарбанд.

Додгоҳи шаҳри Сарбанд соҳибкор Сафаралӣ Афғонови 35-соларо, ки аз тарқи гузаргоҳи "Панҷи поён" аз Покистону Афғонистон меваю сабзаҷот, шакару ордро ба Тоҷикистон ворид мекард, барои саркашӣ аз пардохти андоз барои се сол равонаи зиндон намуд.

Саидвалӣ Бобозода, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки додситони вилояти Хатлон имрӯз, 19 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин соҳибкор тибқи ду модда -- 292, қисми 1, яъне саркашӣ аз супоридани андозҳо ва моддаи моддаи 363, иҷро накардани ҳукми суд, гунаҳкор дониста мешавад.

Саидвалӣ Бобозода гуфт, ки соҳибкор Сафаралӣ Афғонов ба фаъолияти иқтисодӣ-хориҷӣ машғул шуда, аммо бар хилофи талаботи қонунгузории андоз, эъломияҳои андозро пешниҳод накарда, манбаъҳои андозро пинҳон кардааст. Ин соҳибкор, имкони бо пардохти ҷарима озод шуданро доштааст, аммо аз он саркашӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG