Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик": Аҳолӣ дар шабонарӯз 19 соат барқ мегиранд


Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ коҳиш дода шуда ва ҳамакнун сокинон ба ҷои 14 соат, 19 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин ҳастанд. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” сабаби ин амрро ба мусоид омадани шароити обу ҳаво дар рӯзҳои ахир унвон карданд. Ба гуфтаи масъулони ширкати “Барқи тоҷик”, имкон дорад, ҳафтаи оянда маҳдудияти интиқоди нерӯи барқ ба таври комил аз байн бардошта шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо дар ҳоли ҳозир тасмимот барои комилан аз байн бардоштани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинон, ба хусус сокинони деҳот дар ҳоли баррасӣ аст. Лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҳамасола дар фасли тирамоҳ – зимистон, аз моҳи октябр то апрел ба сабаби камбуди тавлиди нерӯи барқ гирифта мешавад. Тибқи арзёбиҳои мутахассисон, камбуди тавлиди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон ҳудуди 4 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG