Пайвандҳои дастрасӣ

Рақибони мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё Қирғизистон, Непал, Бутан ва Бангладеш мебошанд.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) аз рӯи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қирғизистон, Непал, Бутан ва Бангладеш рақобат мекунад.

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Молдив, Эрон, Шри-Ланка ва Ҳиндустон дохиланд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давра аз рӯи системи даврӣ баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда бошанд, барои ҷойи севум талош меварзанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи минтақавии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз 23 апрел то 1 май дар Тоҷикистон барпо мегарданд. Бозиҳо дар майдонҳои варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ва Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) аввалин ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар шаҳри Норак, ки дар доираи омодагии даста ба мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё доир шуд, 19 феврал ба анҷом расонд.

Дар ин ҷамъомад, ки таҳти раҳбарии мураббиён Зебо Гасимова ва Илдар Раҳмонов барпо гардид, 18 бозигар интихоб шуд. Онҳо омодагиро ба мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё идома хоҳанд дод.

Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, сардори шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи дигари омодагии мунтахаби духтаронаи кишвар ба сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё ин баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи модар мебошад, ки бо ширкати ҳашт даста аз 3 то 7 март дар Душанбе баргузор мешавад.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Непал, Бутан, Бангладеш.

Гурӯҳи «В»: Молдив, Эрон, Шри-Ланка, Ҳиндустон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

23 апрел (шанбе)

Непал – Қирғизистон

Бангладеш – Бутан

24 апрел (якшанбе)

Бутан – Тоҷикистон

Бангладеш – Непал

Даври 2-юм

26 апрел (сешанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш

Қирғизистон – Бутан

Молдив – Ҳиндустон

Эрон – Шри-Ланка

Даври 3-юм

27 апрел (чоршанбе)

Қирғизистон – Бангладеш

Непал – Тоҷикистон

Ҳиндустон – Эрон

Шри-Ланка – Молдив

Даври 4-ум

28 апрел (панҷшанбе)

Бутан – Непал

Тоҷикистон – Қирғизистон

Молдив – Эрон

Шри-Ланка – Ҳиндустон

Даври ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

1 «А» – 2 «В»

1 «В» – 2 «А»

1 май (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Бозии ниҳоӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG