Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самопомич аз эътилофи нахуствазир Ятсенюк баромад


Олеҳ Березюк
Олеҳ Березюк

Раҳбари ҳизби Самопомичи (Самопомощь) Украина мегӯяд, вай тасмими гирифтааст, ки эътилофи ҳокимро тарк кунад ва ба ин тартиб ба нахуствазир Арсений Ятсенюк фишор орад, то ҳампаймонҳои нав пайдо кунад, вагарна ҳукуматаш суқут хоҳад кард.

Олеҳ Березюк-раҳбари Самопомич ин тасмими худро 18 феврал эълон дошт. Як рӯз пеш Баткившина аз эътилофи ҷонибдори Ғарб хориҷ шуд.

Хуруҷи Самопомич бад-он маъност, ки эътилофи Ятсенюк аз ҷонибдории 26 нафар намояндаи порламон ва ҷиноҳи раиси ҷумҳур маҳрум хоҳад шуд.

16 феврал Ятсенюк аз райи ғайриқобили эътимод наҷот ёфт. Пеш аз он Петро Поршенко-раиси ҷумҳур аз вай хоста буд, ки Ятсенюк аз мақомаш истеъфо диҳад ва ба ҳамин тартиб эътимод ба ҳукумат баргардад.

XS
SM
MD
LG