Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мегӯяд, бонкҳо ба хотири таъмини хидматрасонии хубтар ба аҳолӣ шумори марказҳои мубодилаи асъорро зиёд кардаанд. Маркази матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 18 феврал хабар дод, ки “хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.” Бино ба ин манбаъ, танҳо аз аввали сол дар Тоҷикистон 28 маркази иловагии мубодилаи асъор таъсис ёфта, “аз ҷумла, дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Султони Кабир”, “Фаровон”, бозорҳои фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, чой ва шакар), фурӯшгоҳи марказии “СУМ”, маркази савдои “Садбарг” барои анҷом додани амалиёти мубодилавӣ 10 адад марказҳои нави хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Эсхата” ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ташкил шудаанд ва ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд.”

Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2015 фаъолияти тамоми саррофиҳои хусусиро манъ кард ва умури мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба бонкҳо супурд. Бо ин вуҷуд, қурби расмии сомонӣ дар муқобили доллар дастикам 15 дарсад, ё 1 сомониву 14 дирами дигар коҳиш ёфта, аз 6 сомониву 73 дирами рӯзи 1 декабр ба 7 сомониву 87 дирам баробар шуд. Қурби бозори сиёҳ дар ин муддат қариб 30 дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG