Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси КМИРТ ва Зоиров дар бораи тағйири Қонуни асосӣ


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки иштирок кардани аъзои ҳизби сотсиал-демократ дар референдуми 22 май маҷбурӣ нест, балки ба худи ин ҳизб марбут мешавад.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз 7 ҳизби сиёсӣ танҳо Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳузури аъзояш дар ҳайати кумисюни омодагӣ барои баргузории референдуми рӯзи 22 май худдорӣ кардааст. Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ, рӯзи 18 феврал ба Озодӣ гуфт, аммо иштирок кардани аъзои ҲСДТ дар омодагиҳо барои раъйпурсӣ маҷбурӣ нест ва ба худи ҳизб марбут мешавад.

Ин изҳори назари мақомоти Кумисюни марказии интихобот дар ҳолест, ки Раҳматилло Зоиров - раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 17 феврал бо нашри изҳороти расмӣ ва субҳи 18 феврал дар тамос бо Озодӣ аз Қазоқистон гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишварро қабул надорад. Ӯ гуфт, тайи як номаи расмӣ аз Кумисюни марказии интихобот ҳам хостааст, ки ба ҳайати кумисюн дар бораи омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аъзои ин ҳизбро ворид накунад.

Баҳси КМИРТ ва Зоиров дар бораи тағйири Қонуни асосӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Ба қавли Зоиров, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ "зарфиятҳои демократиро дар кишвар коҳиш хоҳад дод". Раиси ҲСДТ афзуд, "ин чӣ гуна референдум аст, ки ба 41 масъалаи гуногун як суол гузошта шудааст: “ҳа” ё “не”. Азбаски чунин шакли масъалагузорӣ ғайридемократӣ аст, мо намехоҳем дар ҳавзаҳои интихоботӣ шомил шавем ва бо КМИРТ ҳамкорӣ кунем."

Аммо Раҳматилло Зоиров гуфт, ин ба маънои ин нест, ки мо рефрендумро бойкот кардаем. "Барои ин нишасти шӯрои сиёсии ҳизб лозим аст ва ҳанӯз дар ин масъала фикр накардаем," -- гуфт ӯ.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ мегӯяд, "ин ақида нодуруст аст ва ин ҳамапурсӣ шаффоф ва демократӣ хоҳад гузашт. Ин раъйпурсии аввал нест, ки мо баргузор мекунем. Ин ҳамапурсии сеюм аст, ки дар онҷо чунин масъала гузошта шудааст, ки оё Шумо тағйиру иловаҳоро қабул мекунед ё не."

Ба қавли Додоев, ҷой кардани 41 тағйиру иловаҳо дар бюллетен зарурат надорад ва “мо дар рӯзҳои наздик шакли баргаро тасдиқ мекунем ва дар он ҷо чигуна таҷрибаҳо аст, кумисюн ҳаллу фасл мекунад”.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ афзуд, “субҳ бо изҳороти Зоиров шинос шудем ва онро ҷонибдорӣ намекунем. Зеро иштирок кардан ва ё накардани онҳо маҷбурӣ нест ва ҳуқуқи худи ҳизбҳои сиёсист. Мо онҳоро танҳо дар бораи он ки дар рафти раъйпурсӣ чӣ ҳуқуқ доранд, мо ҳамчун мақоми доимоамалкунанда ва масъули баргузоркунандаи раъйпурсӣ огоҳ кардем.”

Дар як ҷаласаи вижаи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, ки рӯзи 15 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, 68 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави кишвар расман таъсис дода шуд. Ҳеч яке аз ин ҳавзаҳо дар берун аз қаламрави кишвар нестанд, аммо ба гуфтаи аъзои КМИР, сандуқҳои раъй дар бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гузошта мешаванд ва масъулияти ҳисобу китоби онҳо бар дӯши ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вогузор хоҳад шуд.

22 майи соли ҷорӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон шудааст. Тибқи лоиҳаи аз сӯи вакилонони парлумон тасдиқшуда, дар маҷмӯъ ба Констиутсия 41 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Ба ҷуз аз чанд ислоҳу тағйироти имлоиву грамматикӣ, муҳимтарин нуктае, ки дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия омадааст, марбут ба боби президенти Сарқонун аст. Бар асоси ин тарҳ, синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шуда, дар сурати тасвиби ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Ин тағйиру иловаҳо ба худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҳам ҳақ хоҳад дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои навбатии президентӣ иштирок кунад. Бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳоло амал мекунад, як нафар наметавонад беш аз ду дафъа президентӣ кунад.

Тарафдорони ислоҳи Қонуни асосӣ мегӯянд, ин қонун догма нест ва бояд бо шароити замон мувофиқ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ки сабаби ҳамаи ислоҳҳо ҳифзи қудрати раисиҷумҳури кунунист, ки зоҳиран мақомашро тарк карданӣ нест.

Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул ва баъдан дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG