Пайвандҳои дастрасӣ

19,8 миллион $ ёрии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 феврал созишномаеро ҷиҳати маблағгузории марҳалаи дувуми Лоиҳаи модернизатсияи идоракунии молиявии давлатӣ имзо карданд. Ба ин созишнома аз тарафи Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ намояндаи доимиии ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер имзо гузоштаанд. Қарор аст, 10 миллион доллари ин барномаро Ассосиатсияи байналмилалии рушд ва 9,8 миллионшаро вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) ҷудо кунад.

Хонум Виверс –Картер гуфт, иҷрои ин барнома, ки то соли 2021 идома хоҳад ёфт, “боиси таҳкими муассирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистон мешавад.” Лоиҳаи модернизатсияи идоракунии молиявии давлатӣ аз ҷумла навсозии шабакаҳои автоматии идоракунии молиявӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти зарфияти идораҳоии давлатии масъули ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла ба роҳ андохтани низоми хариди электронӣ ва кумак ба Палатаи ҳиоби Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 22 лоиҳаро ба маблағи умумии 383.2 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG