Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон омӯзишгоҳи динӣ таъсис мешавад


Дар Қирғизистон барои омода кардани ходимони динӣ омӯзишгоҳи мазҳабӣ таъсис мешавад.

Дар ин бора раиси Комисияи давлатии динии Қирғизистон Орозбек Молдалиев ҳангоми дидор бо президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев хабар додааст.

Молдалиев гуфтааст, дар ин омӯзишгоҳ хонандагон таърихи дин, фарҳанги динӣ ва асосҳои давлати дунявиро хоҳанд омӯхт.

Президенти Қирғизистон гуфтааст, бояд раванди рушди вазъи динӣ дар кишвар назорат шавад.

Дар ин кишвар сар аз тобистони соли 2015 Бунёди рушди фарҳанги маънавии "Имон" ба ходимони динӣ ҳармоҳа дар ҳаҷми аз 5 то 15 ҳазор сом (муодили 500 ва 1,5 ҳазор сомонӣ) мепардозад.

XS
SM
MD
LG