Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи гумонбар дар куштори Бурил кӯчонида шуд


Намояндаи расмии додситонии вилоятии Ҷамбул дар гирдиҳамоии сокинони деҳаи Бурили ноҳияи Байзак эълон кард, ки оилаи гумонбар дар қатли навраси қазоқ ба деҳаи дигар кӯч дода шудааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки боз як талаби сокинони маҳаллӣ дар мавриди “ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ” ба ҷабрдида иҷро шудааст. Ккуштори писараки қазоқ кори як ҷавони турктабор шумурда мешавад. Намояндаи турктаборони деҳа Дуниёдор Абдуллоев ба хонаводаи кушташуда изҳори ҳамдардӣ карда, талаб намуд, ки нисбати айбдоршаванд ҷазои сахттарин истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази деҳаи Бурил хешовандон ва ҷонибдорони гумонбарони боздоштшудаи бетартибиҳои баъди қатли кӯдак, ҷамъ омадаанд. Онҳо талаб карданд, ки боздоштшудаҳо озод шаванд. Ҳоло деҳаи Бурилро ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла воҳиди махсус ва сарбозони нерӯҳои дохилии ВКД таҳти назорат дошта, онро ба иҳота гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, шоми 15 феврал ҷасади кӯдаки 6-сола Дюйсанбек А. ёфт шуд. Маъмурони пулис Кавазоғлӣ Д.М., гумонбари 18-сола дар ин қатлро боздошт карданд. Пулис иддао дорад, ки гумонбар ба хотири дуздӣ вориди ҳавлӣ мешавад ва кӯдакро ҳамчун шоҳиди ҷиноят ба қатл расонидааст.

Баъд аз ин дар деҳа дар миёни сокинон бетартибиҳо оғоз шуда, талаби аз деҳа берун кардани оилаи гумонбар дар ин қатл садо дод. Барои пешгирӣ аз даргириҳои байниқавмӣ мақомот ба ин деҳа нерӯҳои махсусро ворид кард. Аҳолии деҳаи Бурил 12 ҳазор аст, ки 70% қазоқҳо ва 30% туркҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG