Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳои эронӣ ба низоми пардохти ҷаҳонии SWIFT пайваст мешаванд. Чунин амалиёт имкон медиҳалд, ки дар чаҳор соли охир бори аввал пардохтҳои фаромарзӣ анҷом бигирад. Дар ин бора як мақоми бонкӣ 17 феврал хабар дод.

Ин кор баъд аз он имконпазир шудааст, ки моҳи гузашта дар асоси тавофуқоти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии ин кишвар кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои худро лағв карданд.

Аз 13 феврал ба ин сӯ Бонки Марказӣ ва 15 бонки дигари Эрон ба низоми SWIFT дастрасӣ пайдо кардаанд. Интиқоли пулҳои хориҷӣ вақтҳои охир ба масъалаи сиёсӣ табдил ёфта буд.

Мунаққидони муҳофизакор мегӯянд, ки тавофуқоти ҳастаӣ, ки бо далолати Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури кишвар ба даст омадааст, натиҷаҳои дилхоҳ надодааст.

Бонкҳои эроние, ки бо Сипоҳи посдорони инқилоб иртибот доранд, ҳоло таҳти таҳримҳо қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG