Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, ба муҳокимаи парвандаи чор сокини он кишвар оғоз кард, ки барои пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии Салафия муттаҳам мешаванд. Ҳоло дар курсии айбдорӣ Акмал Уринов (1985), Темур Сиддиқов (1981), Ойбек Солиҳов (1983) ва Даврон Қаюмов (1988) нишаста, алайҳи онҳо бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз шудааст. Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ин афродро аз ҷумла барои таҳия ва паҳн кардани маводи мазҳабии мамнӯъ муттаҳам медонад. Дар сурати исботи айбҳои эълоншуда ба ин чор сокини Узбакистон аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG