Пайвандҳои дастрасӣ

ҲСДТ: Тағйирот ба Қонуни асосиро намепазирем


Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров эълон кард, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишварро қабул надорад ва аз Кумисюни марказии интихобот хостааст, ки ба ҳайати кумисюн дар бораи омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аъзои ин ҳизбро ворид накунад. Ин изҳорот рӯзи 17 феврал аз номи Зоиров дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст.

Дар як ҷаласаи вижаи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, ки рӯзи 15 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, 68 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави кишвар расман таъсис дода шуд. Ҳеч яке аз ин ҳавзаҳо дар берун аз қаламрави кишвар нестанд, аммо ба гуфтаи аъзои КМИР, сандуқҳои раъй дар бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гузошта мешаванд ва масъулияти ҳисобу китоби онҳо бар дӯши ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вогузор хоҳад шуд.

22 майи соли ҷорӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон шудааст. Тибқи лоиҳаи аз сӯи вакилонони парлумон тасдиқшуда, дар маҷмӯъ ба Констиутсия 41 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

XS
SM
MD
LG