Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми расмии гумонбарони таркиш дар Русия


Ин гурӯҳро дар як хонаи шахсӣ боздошт карда буданд
Ин гурӯҳро дар як хонаи шахсӣ боздошт карда буданд

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) ҳафт нафари гумонбар дар узвияти гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-ро расман дар терроризм муттаҳам кард. Иттиҳоми расмӣ аз ҷониби намояндагии ин хадамот дар шаҳри Уралск рӯзи 17 феврал содир шуд. Ҳафтаи гузашта мақомот гуфтанд, ки рӯзи 7 феврал гурӯҳи эҳтимолии террористонро дар шаҳри Екатеринбург боздошт карданд ва ин афрод ният доштанд, ки бо истифода аз маводи таркандаи худсохт дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск таркишҳои террористӣ ташкил кунанд. ФСБ дар иттилоияи расмиаш ин 7 боздоштшударо шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурда буд, вале расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки танҳо як нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия, якеи дигар аз Туркия ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG