Пайвандҳои дастрасӣ

Се амрикоие, ки моҳи январ дар шаҳри Бағдод рабуда шуданд, озод гардиданд. Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 16 феврал озодии шаҳрвандонашро истиқбол ва аз ҳукумати Ироқ барои кӯмак дар озодии амрикоиҳо ташаккур кард. Ҳарсе шаҳрванди Амрико, ки вазъи сиҳҳатиашон хуб аст, ба дипломатҳои сафорати Амрико дар Бағдод супурда шуданд. Моҳи январ сафорат хабари нопадидшавии чанд амрикоиро тасдиқ кард. Он вақт мақомоти Ироқ гуфтанд, ки ин се нафар аз як манзили машкук рабуда шуданд, вале баъзе мақомот гуфтанд, ки дар пушти ин ҳодиса ҷангиёни шиамазҳаб қарор доранд.

XS
SM
MD
LG