Пайвандҳои дастрасӣ

Обама нақши Русияро дар Сурия ба чолиш кашонд


Президенти ИМА Барак Обама Русияро ба чолиш кашонда хост, ки ба ҷои ҷанг дар Сурия, беҳтараш аз сулҳ тарафдорӣ кунад. Обама гуфт, ки ҳафтаи ҷорӣ, ки қарор аст музокироти сулҳ вориди амал шавад, барои Русия як имтиҳон мешавад. Обама бо ин изҳороташ иддаоҳои ахири раҳбарони Русия ва Сурияро ба чолиш кашонд, ки гуфтанд, дар ҷанг бо гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия пирӯз мешаванд. Баъди анҷоми нишасти раҳбарони Осиёи Шарқӣ дар Калифорния, дар сӯҳбат бо хабарнигорон Барак Обама гуфт, ки нирӯҳои Сурия, ки бо кӯмаки ҳавопаймоҳои русӣ амал мекунанд, шояд ҳам ба муваффақиятҳои кӯчаки аввалия даст ёфтаанд, вале ҳамоно 70 дар сади кишвар аз контрол берун аст. Президент Обама гуфт, ки дастовардҳои Сурияву Русия бо қимати гарони ҷони инсонҳо ва беҷошавии ҳазорҳо суриягӣ аз маконҳои зисташон пардохт мешавад ва натиҷаи ин ҳама «бомбборони бебанду бор» аст. Вай гуфт, кишвар барои он хароб шуд, ки Асад инро мехоҳад ва Русия як бахши ин ҳама амалҳо аст.

XS
SM
MD
LG