Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия: Амалиёти заминӣ дар Сурия оғоз шавад


Туркия даъват дорад, ки дар Сурия дар якҷоягӣ бо муттаҳидони байналмилалӣ амалиёти заминӣ оғоз шавад. Як мақоми баландпояи турк дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар додааст. Ба қавли ӯ, Туркия дар Сурия амалиёти низомии якҷониба оғоз намекунад.

"Аммо бе амалиёти заминӣ пеши роҳи ҷанги Сурияро гирифтан имкон надорад", - гуфтааст ин мақомдор.

Туркия бар ин назар аст, ки барканории президенти Сурия Башор Асад аз қудрат шарти асосии қатъи ҷанги панҷсола дар ин кишвар аст, ки алакай 260 ҳазор одамро қурбон кардааст.

Эрон ва Русия аз Асад пуштибонӣ мекунанд ва барканории ӯро қабул надоранд. Эрон рӯзи 16 феврал эълон кард, ҳар гуна амалиёти ҷангие, ки дар Сурия бе иҷозати Димишқ оғоз шавад, хилофи ҳуқуқи байналмилалист. Пештар аз ин Арабистони Саудӣ гуфта буд, омодааст нерӯҳои вижаашро барои иштирок дар амалиёти низомии заминӣ алайҳи "Давлати исломӣ" ба Сурия фиристад.

Вақтҳои охир ҷанги ҳавоие, ки Русия барои пуштибонии президенти Сурия Башор Асад доман задааст, ташаннуҷро дар минтақа афзудааст. Анкара амалиёти Маскавро "номардона, бераҳмона ва ваҳшиёна" меномад, намояндаи Шӯрои аврупоӣ Доналд Туск низ гуфт, амалиёти Маскав барои ҳалли низоъ "умедеро боқӣ намегузорад".

XS
SM
MD
LG