Пайвандҳои дастрасӣ

Алайҳи ДИИШ. Амрико ба Тоҷикистону ҳамсояҳояш 50 млн $ медиҳад


Бинои Пентагон дар Вашингтон

Бинои Пентагон дар Вашингтон

Иёлоти Муттаҳида барои муқобила бо Толибону "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари тундгаро ба Тоҷикистону ҳамсояҳояш дар минтақаи Осиёи Марказӣ 50 миллион доллар ҷудо мекунад.

Амрико эълон кард, ки барои мубориза бо терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 50 миллион доллар медиҳад ва бахши асосии ин ёриҳоро Тоҷикистон дарёфт хоҳад кард. Бино ба асноди буҷаи Кохи Сафед, ин маблағ бахше аз кумакҳои Пентагон дар чорчӯби “Бунёди шарикӣ алайҳи терроризм аст”, ки дар соли 2014 оғоз ёфта буд.

Дар назар аст, дар доираи ин шарикӣ дар соли ҷорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 20 миллион ва дар соли оянда 30 миллион доллари дигар ҷудо шавад. Ин сармоя асосан барои машқ ва омӯзиши низомӣ дар мубориза алайҳи терроризм сарф хоҳад шуд.

Ҳадафи аслии Вазорати дифои Амрико аз ҷудо кардани ин маблағ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ муқобила бо Толибон, "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, Тоҷикистон дар ин росто шарики калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷанг дар Афғонистон амнияти ин кишварҳо ва манофеи Амрико ва муттаҳидонашро зери хатар бурдааст.

Хабари кумаки низомии Амрико ба Тоҷикистон дар ҳоле пахш шудааст, ки давлати Тоҷикистон рақиби аслии худ - ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ эълон карда, онро "созмони террористӣ" хондааст. Ин вазъ Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро нигарон сохта ва сафорати он кишвар аз Душанбе хоста буд, бо ҳадафи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони мӯътадилро саркӯб накунад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳамкориҳои низомии Амрико ва Тоҷикистон аз соли 2002 шурӯъ шуда ва дар ин муддат Вашингтон ба артиши Тоҷикистон дар бозомӯзии афсарон ва ироаи таҷҳизоти фаннӣ кумак кардааст. Ба қавли Маҳмадалиев, дар доираи ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм Пентагон ба афсарони тоҷик дар Амрико ва минтақа дар мавриди роҳҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ давраҳои омӯзишӣ гузарондааст.

“Аз ҷумла, дар охирҳои соли гузашта ҳайати афсарони Пентагон дар шаҳри Душанбе барои низомиёни кишварҳои минтақа тамриноти низомии назариявӣ алайҳи терроризмро баргузор карданд,” – гуфт ӯ. Аммо Фаридун Маҳмадалиев афзуд, то ҳол Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико техника ё мошинҳои низомӣ ва силоҳҳои муосир дарёфт накардааст.

“Дар масъалаи азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Русия созишнома имзо шуда ва ин барнома бояд марҳила ба марҳила иҷро шавад,” – таъкид кард сухангӯи Вазорати дифоъ.

Ин дар ҳолест, ки дар тобистони соли гузашта Амрико ба Узбакистон 308 мошини зиреҳпӯши навъи M-ATV ва 20 зиреҳпӯши тармимию эвакуатсионӣ, ки арзиши ҳар кадоме аз ин мошинҳо аз 535 000 то 1,29 миллион доллар гуфта мешавад, ҳадя карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG