Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 тоҷик дар марзи Қирғизистон


Марзбонони қирғиз се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии марзбонони Қирғизистон, ин афрод рӯзи гузашта дар минтақаи Максати ноҳияи Лайлаки ин кишвар дастгир шудаанд. Боздоштшудагон бо худ шиноснома ё асноди дигар надоштаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, сокинони Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор вориди Қирғизистон шуда, аммо барои фаъолият дар ин кишвар иҷозатнома надоштаанд.

Афроди боздоштшуда ҷарима шуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

XS
SM
MD
LG