Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисюни Аврупо дар ҷараёни Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки 16 феврал дар Брюссел баргузор шуд, як бори дигар аз ваъдаи 251 миллион еврояш ба Душанбе дар тӯли солҳои 2014-2020 ёдоварӣ кардааст. Ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ин маблағ асосан ба рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф равона хоҳад шуд.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, Шӯрои ҳамкорӣ масъалаҳои энержӣ, идоракунии марз ва ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро баҳс кардаанд. Таъкид шудааст, ки “ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ба манфиати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аст ва ҷонҳо талош хоҳанд кард, то ҳамкориҳоро дар ин бахш бештар кунанд.”

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс ва ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷ Сироҷидин Аслов раҳбарӣ карданд.

XS
SM
MD
LG