Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисюни ситоди ҳавзаи марказии низомии Русия омодагии ҷангии пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистонро санҷидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия, дар ҷараёни ин санҷиш омодагии пойгоҳи низомӣ дар иҷрои вазоиф дар муддати муқарраршуда ва сатҳи омодагии ҷангии ин пойгоҳ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Ҷараёни тамринот ва ҳаракати қатори техникаи низомӣ аз тариқи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин назорат шудааст.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар аст. Бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар моҳи октябри соли 2012 ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG