Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми нави генерал Мустафо Рустамзода


Мустафо Рустамзода

Мустафо Рустамзода

Генерал-майори милиса Мустафо Рустамзода сардори нави раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки ин таъинот рӯзи 16 феврал дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Мустафо Рустамзодаи 58-сола дар гузашта ба ҳайси сардори шӯъбаи раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт кор кардааст. Ӯ аз соли 2014 ба ин сӯ раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати корҳои дохилиро бар ӯҳда дошт.

Ҳоло полковники милиса Ҳукуматулло Зикрулло ба вазифаи сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати корҳои дохилӣ таъин шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, инчунин, полковник Рустам Мирализода ба вазифаи намояндаи ин вазорат дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ЦАРИКС) таъин гардидааст.

XS
SM
MD
LG