Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко истеъфои Ятсенюкро пешниҳод кард


Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ба Арсений Ятсенюк-нахуствазир ва ба Виктор Шохин-Додситони кулли ин кишвар пешниҳод кард, ки барои барқарор сохтани эътимод ба ҳукумат аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд.

Ин изҳороти Порошенко 16 феврал чанд соат пеш аз суханронии Ятсенюк дар порламон пахш шуд. Эҳтимол мерафт, ки Ятсенюк дар порламон ба райи ғайри қобили эътимод рӯ ба рӯ шавад.

Ятсенюк аз ҳампаймонҳои Порошенко аст ва ҳизби Порошенко пештар эълон карда буд, ки фаъолияти ҳукуматро дар порламон ғайриқобили ғабул арзёбӣ хоҳад кард.

Чунин изҳорот зоҳиран сабаби райи ғайри қобили эътимод ба Ятсенюк мешуд ва ба суқути ҳукуматаш мунҷар мегардид. Дар он сурат бояд барои ташкили эътилофи нав музокироти нав ва ё ҳатто интихоботи зудрас баргузор мегардид.

Ҳампаймонҳои дигари Ятсенюк ҳизби “Баткившина”-и Юлия Тимошенко ва ҳизби Андрий Садовий-шаҳрдори Лвов низ ишораҳое мекарданд, ки бар зидди Ятсенюк рай хоҳанд дод. Дар чунин ҳолат Ятсенюк райи кофӣ ба даст намеовард.

XS
SM
MD
LG