Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, ВКД ва вазорати дифоъ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16 феврал дар ниҳодҳои қудратии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, бо қарорҳои нави ҳукумат Фарҳод Воҳидов муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Изатулло Файзуллоев - муовини аввали сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар мувофиқа бо раисиҷумҳур Шомуддин Шарипов - сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хатлон ва Муродалӣ Худойбердиев - сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудаанд.

Инчунин, имрӯз намояндаҳои вазорати дифоъ ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардидаанд.

Бино ба хабари дафтари матбуот, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, "онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона даъват карда", тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузоштааст.

XS
SM
MD
LG