Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 4 корхонаи Тоҷикистон дар Ambiente


Маҳсулоти Иттиҳодияи косибон, Анҷумани "Армуғон"-и водии Зарафшон, корхонаҳои "Ҷаҳоннек" ва "Рухом"-и Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти мавриди ниёзи Ambiente дар Олмон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Гулдӯзӣ бо нақшу нигори миллӣ, ашёҳои заргарӣ аз сангҳои қиматбаҳо, борхалтаи (сумка) чармӣ, шонаҳои чӯбӣ ва маҳсулоти дастбофи пашмӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои дастии косибони тоҷик аст, пешкаши тамошобинон шудааст.

Муфарраҳ Муҳаббатова, раиси кулли ширкати "Рухом" ба Маркази байналмилалии тиҷорат гуфтааст, ҳадаф аз ширкат дар ин тадбири байналмилалӣ ҷустуҷӯи шарикони наву роҳ ёфтан ба бозор ва табодули иттилоот дар мавриди навгонҳои косибӣ маҳсуб мешавад.

Маркази байналмилалии тиҷорат ба ширкатҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба ин намоишгоҳ кумаки фаннӣ иора карда ва дар заминаи наҳваи таҳия ва имзои қарордоҳо бо шарикони хориҷӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор кардааст.

4700 корхонаю ширкат аз 90 кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи Ambiente дар Олмон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG