Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Узбакнаво” ҳимояи “бешармӣ"-и Тамиларо манъ кард


Созмони ҳунармандони “Узбакнаво” аз ҳунармандони узбак, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз овозхон Тамила ҳимоят карданд, интиқод кард.

Раҳбари бахши иҷозатномаҳои созмони ҳунарии “Узбакнаво” Одил Абдуқаҳҳоров аз амали овозхонҳои ҷавони эстрадаи узбак Лола Юлдошева ва Азиза Низомова интиқод кард. Ин ду овозхон дар саҳифаҳои хусусии худ дар Instagram аз Тамила (Эсмералда Раҳматова) баъди дар интернет пайдо шудани наворҳои “бешармонаи” видеоиаш пуштибонӣ карданд.

Абдуқаҳҳоров гуфт, ки раҳбарияти “Узбакнаво” “барои баланд бардоштани маънавияти ҳунармандон чораҳои махсус меандешад”. “Ба ҷои он ки Тамиларо ба тартибот даъват кунанд, баръакс, ӯро тарафдорӣ карданд”, - гуфт намояндаи “Узбакнаво” ба хабарнигорони маҳаллӣ.

Ба гуфтаи вай, дар ин робита дар ояндаи наздик “Узбакнаво” мехоҳад ҷаласаи махсусе бо ширкати Лола Юлдошева, Азиза Низомова ва ҳунармандони дигари узбак баргузор кунад. “Мо ҳимояти чунин бешармиро қатъиян манъ мекунем”, - таъкид кард Абдуқаҳҳоров.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал Тамила дар шабакаҳо муроҷиатномаи видеоиеро пахш карда, дар он гуфт, ки навори “бешармонаи” видеоӣ бо ширкати вай сохтакорӣ аст ва сару садоҳо дар барои кӯч бастанаш ба Қазоқистон воқеият надорад.

Феълан “Узбакнаво” ба овозхонҳо, раққосон, муҷриҳои барномаҳои ҳунарӣ, ҳунармандони шоу-балет ва мудирони барномаҳои консертӣ иҷозатномаи кор медиҳад. Ҳоло дар тамоми Узбакистон 2751 соҳиби чунин иҷозатнома аст.

XS
SM
MD
LG