Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли соҳиби дорухона бо 11 зарби корд дар Панҷакент


Як гурӯҳи ношинос ​Маҳмадраҷаб Тоштемирови 55-сола, сардори дорухонаи "Мадад"-и шаҳри Панҷекентро бо ёздаҳ зарби корд ба қатл расондаанд. Ашӯрбой Ашӯров, навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент, рӯзи 16 феврал ба Озодӣ гуфт, ҳодиса шаи гузашта дар наздикии истгоҳи Самарқанд рух додааст. Раиси ин дорухона сокини деҳаи Саразми ҷамоати Чимқурғони Панҷакент будааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент мегӯяд, феълан дари дорухона мӯҳр зада шуда ва ҳайати кормандони умури дохилӣ дар ҷойи ҳодиса тафтишотро идома медиҳанд, вале ҳанӯз ҷузъиёти ин воқеа рӯшан нашудааст. Раҳматулло Қаюмов, як сокини деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент ба Озодӣ гуфт, ки ҳамлаварон аввал бо хишт ба сари Маҳмадраҷаб зада ва сипас бо ёздаҳ зарби корд дар қафаси синааш, ба қатл расондаанд.

Дорухонаи "Мадад" ба ҷуз аз Панҷакент, дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода низ намояндагиҳои худро дорад.

XS
SM
MD
LG